Оиди ВНМО/БПНМ
Хамза
02.08.2023
Акаи умед салом. Ман як савол доштам агар пеш аз алоқаи ҷинси бо як зани фоҳиша ки намедонам ба внмо гирифтор ҳаст е не муйҳои пешро тароши ва заҳми хурдакаке шавад бади 3-4 соат алоҳаи ҷинси кардан бо оби тарашухи зан боон расидан сироят меëбад, ҳарчанд заҳми хурд буду хун намеомад амо фикрҳои баде ба сарам меояд? Хоҳишам ҷавоб медодед.
Воалейкум ассалом.
Дар ҳолати навиштаатон хавфи сироят вуҷуд дорад, зеро моеъи биологии хавфнок (тарашуҳоти маҳбал) ба заҳм расидааст. Албатта дар ин ҳолат хавф зиёд нест, аммо новобаста ба ин эҳтиёткори лозим аст. Баъди се моҳи алоқа аз ташхис гузаред. Барвақтар аз он, метавонед он занро аз ташхис гузаронед, ки оиди мавқеи ВНМО-и у дилпур бошед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо