Воалейкум ассалом!
Тибқи омори расми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи гирифторони ВНМО сол аз сол зиёд шуда истодааст, зеро ҳар сол шахсони нав дарёфт мешаванд, дар баробари ин, бо сабаби он, ки табобати зиддиретровируси (АРТ-антиретровирусная терапия) дастрасии васеъ дорад, сатҳи фавт аз ҳисоби ВНМО коҳиш ёфта истодааст. Аз ин ру шумораи умумии гирифторони ин бемори меафзояд. Гуфтан зарур аст, ки тибқи нишондиҳандаҳои баҳодиҳандаи (оценочные данные), сатҳи гирифторони ин бемори назар ба омори расми зиёдтар аст, яъне, ҳоло ҳамаи гирифторони ин бемори дарёфт нашудаанд. Сабаби ин дар он аст, ки бемории ВНМО солҳои зиёд бе ягон нишона равиш дорад ва шахс пай намебарад, ки у гирифтори ин бемори аст. Аз ин лиҳоз, моро лозим аст сол аз сол теъдоди аз ташхис гузаштагонро зиёд гардонем, то ин, ки ҳама гирифторони ин бемориро дарёфт намоем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии давлату ҳукумат ва шарикон оид ба рушд, айни замон нисбат ба таъминтнокии дорувориҳои зиддиретровируси, ки барои табобати ин бемори истифода мешаванд, ягон камбуди вуҷуд надорад ва ба ҳамагон дастрас мебошанд. Дилхоҳ шахси гирифтори ин бемори дар мавриди хоҳиш доштанаш бо ин табобат фаро гирифта мешаванд, ҳамаи хизматрасониҳо вобаста ба табобат, аз ҷумла дорувориҳо, ба сироятшудагон ба таври ройгон дастрас гардонида мешаванд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов