Оиди ВНМО/БПНМ
Саид
27.06.2023
Салом акаи Умед.Як савол дорам, як зани фоҳиша маро ба оғӯш гирифт ва занонааш ба мардонагиам расид, лекин аз болои шим ӯ ҳам шим дошт манҳам шим доштам,дар ин ҳолатҳо хатари гузариши ВНМО ҳаст? Агар не лутфан камтар сода карда мефаҳмондед? Барои ҷавоб раҳмат.
Салом.
Не, дар ин ҳолат хатари гузариши ВНМО тамоман вуҷуд надорад, зеро ин вирус ба воситаи либоси бадан намегузарад. Хотиррасон менамоям, ки ВНМО танҳо бо роҳи алоқаи ҷинси, ба воситаи тамос бо хун ва аз модар ба кудак мегузарад. Дигар роҳи гузариш вуҷуд надорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо