Салом. Айни замон тасдиқ шудааст, ки ба ВНМО на танҳо гуруҳҳои муайяни аҳоли, балқи тамоми кишрҳои ҷомеъа метавонанд сироят ёбанд, аз кудаки навзод то шахси пиронсол. Яъне барои сироят шудан ба ВНМО на синну сол ва на вобастаги ба мавқеи иҷтимоии шахс маҳдудият вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, шахсе, ки рафтори хавфнок ва ё тамос бо моеъҳои биологии шахси сироятшуда (хун, нутфа, тарашшуҳоти маҳбал, шири модар) дорад, пас метавонад ба ин бемори гирифтор шавад.
Барои муайян намудани ин сироят бояд аз ташхиси хун гузашт. Ин корро метавонед дар марказҳои ВНМО-и минтақаи худ, инчунин дар дигар озмоишгоҳҳои вирусологи анҷом диҳед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов