Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом! Саволи Ман чунин аст шахсе, ки гирифтори ВНМО буда хангоми истифода бурдани нушокии спирти баъд аз он супуридани тести очили натичааш манфи баромаданаш мумкин аст ё не?

Ассалом!
Таъсири нушокихои спирти ба натичаи ташхис оиди ВНМО ахамияти бузург надорад, зеро ин тасдик нашудааст. Хамзамон, яке аз тавсияхо пеш аз супоридани тахлил оиди ВНМО ин аст, ки аввалан шахс бояд гурусна бошад (натощак) ва нушокихои спирти истеъмол накунад. Аз ин лихоз агар шахс дар холати таъсири нушокихои спирти тахлил супорида бошад, тавсия он аст, ки як бори дигар супорад, зеро агар шахс гирифтори ВНМО бошад пас тахлили у доимо бояд мусби бошад. Инчунин, фаромуш набояд кард, ки тестхои очили метавонанд дар баъзе мавридхо худ нодуруст нишон диханд, гарчанде шахс гирифтори вирус мебошад, аз ин лихоз як тахлил натичаи 100% шуда наметавонад, бояд онро такрор кард.  

Бо эхтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.