Салом!
Нишонаҳои номбаршуда ба ВНМО алоқаманди надоранд, зеро дар мавриди ВНМО нишонаҳои баъд аз як руз пайдо намешаванд, балқи ками кам баъд аз 5 руз ва зиёда аз он ба вуҷуд меоянд.
Ба воситаи асбобҳои тиббӣ хавфи гузариши ВНМО мавҷуд аст, аз ин лиҳоз бояд ҳар як шахс талаб кунад, ки барои у асбобҳои яккарата ё таъмизшуда истифода бурда шавад. Ҳолате, ки Шумо навиштаед, худатон дилпур нестед, ки ба хатогиҳо роҳ дода шудаанд ё не, зеро қоидаҳои ҳуҷраҳои ҷарроҳи ва дандонпизишки чунин аст, ки ба ҳама мизочон асбобҳои яккарата ва инчунин иваз кардани дастпушакҳо ҳатмист ва нисбати Шумо низ ин коидаҳо эҳтимоли калон аст риоя карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, шубҳаҳои Шумо эҳтимол бе асос ҳастанд ва хавфи сирояти ВНМО дар Шумо ба вучуд наомадааст.
Агар шубҳа аз дилатон берун наравад, пас метавонед пас аз се мох таҳлили хун супоред.
Бо эхтиром,
Умед Талбов