Оиди ВНМО/БПНМ
Иброҳим
07.06.2023
Салом акаи Умед! Як савол дорам, ман аз автомошинае фаромадам нохост аз тарафи дари мошин як оҳан поямро харошида ва каме хун баромад, дар ин ҳолат хатари гузариши ВНМО ҳаст?
Ва агар бошад баробари алоқаи ҷинсӣ берифола хатар дорад?
Ва чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст? раҳмат барои ҷавоб
Салом!
Ба хама саволхоятон чавоби «НЕ» додан мумкин, яъне бо задан бар охани мошин хавф вучуд надорад, зеро эхтимолияти он, ки пеш аз Шумо дар он охан шахси гирифтори ВНМО низ чарохат гирифтаасту хунаш дар он чо мондааст, ночиз аст. Чунин холат дар ягон чо ба кайд гирифта нашудааст. Метавонед ором бошед.
Бо эхтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо