Салом!
Пеш аз хама мехостам тавсия дихам, то ба духтури асабшинос мурочиат намоед, чунки сабабхои ин холат гуногун мебошанд, ва мутахассис дар вакти муоина метавонад онхоро муайян созад. Бисёр гамгин шудан низ метавонад сабаби фаромушхотири шавад, аз ин ру, бояд худро эхтиёт намоед. Метавонед ба равоншинос низ мурочиат намоед, дар ин холат у метавонад ёрии хуб расонад. Харакат кунед фикри худро бо кор машгул намоед, оиди корхои хуб фикр кунед, хобатонро пурра намоед, яъне аз хоб сер кунед, бисёр об нушед, хуроки хуб хуред (меваги, гушт, хурокихои бахри ва гайра). Бо варзиш машгул шудан низ хуб аст, чунки варзиш гардиши хуни магзи сарро хуб мекунад ва хотира низ хуб мешавад. Дар хама холат одам бояд худро эхтиёт кунад, ба Худо таваккал кунад, корхои хубро анчом дихад ва албатта саломатиаш хуб мегардад.
Бо эхтиром,
Умед Талбов