Оиди ВНМО/БПНМ
003
29.05.2023
Ассаламу алейкум акаи Умед.Баъд аз алоқаи ҷинсӣ бо зани фоҳиша қариб ҳамаи нишонаҳои ВНМО дар ман буд, ва дар мудати қариб як сол мешавад тамоми анализро супоридам,ИФА 3-4, экспресс тест,қариб як 20 бор дар маркази ВНМОҷои зисти худамон, дар Россия, дар маркази шумо,ҳама манфӣбаромад. Метавонам дилпур шавам чунки мисли девона шудагиям? Дар интернет хондам, ва дар як вести Россия дидам, мегуянд новый штамм ВИЧ. Оё ҳақиқат дорад, ва агар бошад ҳам ҳамин ташхисҳо нишон медиҳад? Илтимос ба ҳамин саволи ман ҷавоб дихед.
Салом. Бо боварии пурра метавон гуфт, ки Шумо гирифтори ин вирус нестед. Новобаста аз штамми вирус, он баъд аз 3 моҳи тамос бояд худро дар таҳлил нишон диҳад. Аз ин лиҳоз, ором шавед ва нисбати ин бемори фикр накунед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо