Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. 1.Тифле, ки аз модар ба ВНМО сироят ёфтааст максимум чанд сол зиндаги мекунад? 2.Ман ба як духтар оиладор шудани ҳастам ва падару модараш гирифтори бемории ВНМО мебошанд, он духтар 20 солааст.Агар аз модараш сироят меёфт инқадар зиндагони мекард? Ба ман ягон маслиҳат медодед.

Салом.

  1. Давомнокии умри чунин тифл гуногун аст ва аз бисёр омилҳо вобаста мебошад. Масалан, тифле, дар даруни батн сироят ёфтааст аз тифле ки дар вақти ширмакони сироят ёфтааст фарқият дорад. Ҳамзамон, синни тифл дар вақти сироят ёфтан ва ғайра. Дар таҷриба то 10-15 солагии кӯдак баъд аз модар сироят шудан вохурдаанд. 
  2. Беҳтар аст, ки дар якҷояги рафта аз ташхиси ВНМО гузаред, то ин ки доштан ва надоштани ин вирусро муайян намоед. Айни замон ин талаботи қонуни мебошад, ки никоҳшавандагон қабл аз издивоч аз муоинаи тибби гузаранд. Беҳтар аст, ки ин муоинаро дар якҷояги ва харчи барвақтар, то саршавии дилхоҳ маъракаи туйи, гузаронида шавад. Эҳтимоли калон аст, ки 20 сол пеш падару модари духтар гирифтори ин вирус набудаанд, ки ӯ аз модараш сироят ёфта бошад.   

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.