Салом. Нишонаҳои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рӯзи сироятшавӣ ба монанди зуком ё дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, ва аксар вақт ба монанди мононуклеози сирояти сар шавад. Ин давра давраи шадиди сирояти ВНМО ном дошта метавонад то 3-4 ҳафта давом кунад. Дар ин давра ташхиси ВНМО гузоштан душвор аст, чунки дар ин давра антителаҳо дар хун пайдо нашудаанд ва тестҳо манфӣ нишон медиҳанд. Инчунин нишонаҳои давраи шадиди ВНМО на чандон вазнин мегузарад ва беморон ба духтур муроҷиат намекунанд. Ин давра на дар ҳама шахсони гирифтори ВНМО пайдо мешавад, ва баъд аз он бемори ба давраи бенишонаги мегузарад, то он даме, ки масуният паст шуда бемориҳои оппортунисти авҷ нагиранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов