Салом. Нисбат ба натиҷаҳо дар байни ду намуд таҳлиле, ки Шумо номбар кардаед, фарқият дида намешавад, зеро онҳо барои муайян кардани антителаҳо нисбати ВНМО мебошанд.
Баъди 24 рӯз супоридани таҳлил кифоя нест, зеро давраи ниҳонии бемории ВНМО (период Окна) муддати то 3 моҳ тул мекашад. Аз ин лиҳоз, Шуморо лозим меояд, ки баъд аз 3 моҳи тамос боз як бори дигар аз ташхис гузаред. Намуди ташхис чӣ хеле гуфта гузаштем, фарқият надорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов