Салом. Ҳар як алоқаи ҷинсӣ дар худ хатари сирояти ВНМО-ро дорад, агар шарик гирифтори ин вирус бошад. Албатта бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки хатто тамос бо шахси гирифтори ВНМО ба сироятшавӣ оварда намерасонад, аммо инро ҳеҷ кас фаҳмида наметавонад, ки айнан дар ин ё он ҳолат сироят ба вуқуъ меояд ё на. Аз ин лиҳоз, новобаста аз ҳеҷ омил, бояд дар ҳар як алоқа усулҳои пешгириро истифода бурд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов