Салом. Пеш аз ҳама гуфтан зарур аст, ки вируси СПИД вуҷуд надорад. Ҳаст вируси норасоии масунияти одам — ВНМО (руси — ВИЧ), ки он ба организми одам таъсир расонида ба БПНМ (СПИД) оварда мерасонад, яъне СПИД ин яке аз давраҳои вазнини бемории ВНМО мебошад. Дар имруза шароит нисбат ба ВНМО табобати зиддиретровируси — ТЗРВ (руси — АРТ) вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи он шумораи вирус дар организми инсон ночиз мегардад ва он зарари худро расонида наметавонад. Аммо, вирус пурра аз организми инсон нест намегардад, зеро тибқи маълумотҳои олимони имруза, ВНМО дар шумораи ночизе дар мавзеъҳои дурдасти организм боқи мемонад, ки ба он ҷо ҳатто масунияти инсон дастрасиаш ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар ҳолати қатъ гардидани ТЗРВ ин шумораи вирус аз нав зиёд мегардад ва бемори авч мегирад. Ин ҳолатро танҳо бо табиати ин вирус фаҳмонидан мумкин аст, дигар хел асосноки намудан инро тиби муосир наметавонад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов