Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асалому алейкум акаи Умед. Ман ба шумо як суол доштам, чаро бемории СПИД аз организм нест намешавад? Сабабаш дар чист?

Салом. Бояд гуфт, ки СПИД — ин ҳолати вазнини шахси гирифтори бемории ВНМО мебошад. Дар имрӯза шароит дар аксар ҳолат нишонаҳои СПИД-ро аз байн бурдан имконпазир аст ва ин ба шахсимконият медиҳад, ки зиндагиашро давом диҳад. Дигар масъала дар он аст, ки худи вирус (ВНМО, ВИЧ) аз организм тамоман нест намешавад ва ин аз хусусиятҳои вирус вобаста мебошад, ки боиси музмин гаштани бемори мебошад. Яъне новобаста аз самаранокии хуби табобати зиддиретровируси, қисми ками ин вирус дар ҷойҳои дурдасти организм, ки ба он ҷо масуният дастраси надорад, зинда ва фаъол боқи мемонанд. Барои чӣ чунин амал дар шахсони гирифтори ВНМО ба вуқуъ мепайвандад, тиби муосир ҷавоби аниқ пешниҳод карда наметавонад ва ин муаммо зери тадқиқоти олимон қарор дорад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.