Салом. Ин ҳолат вобаста ба он дорад, ки кӯдак кай сироят ёфтааст, яъне чӣ қадар барвақтар сироят ёфта бошад ҳамон қадар давомнокии умри кӯдак бе табобати даҳлдор кутоҳ мегардад, зеро организми кудак дар мархилахои аввали зиндаги қобилияти сусти ба бемориҳо муқовимат нишон доданро дорад. Агар кӯдак ба воситаи шир дар синну соли каме калонтар (1-3 сола) сироят ёбад, пас дар аксар ҳолат бе табобат онҳо метавонанд то 7-10 солаги бе ягон нишона зиндаги намоянд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳама ҳолат ҳамзамон табиати кӯдак, будан ё набудани бемориҳои генетики ё баъдитаваллуди, ба давомнокии умри кудакони гирифтори ВНМО таъсироти худро мерасонанд. Аз ин лиҳоз, нисбати ин масъала ҷавоби аниқ, ки ба ҳама баробар муносиб бошад, додан ғайриимкон аст ва дар ҳар як ҳолат индивидуали бояд баҳо дод.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов