Оиди ВНМО/БПНМ
Комрон
25.04.2023
Салом акаҷон. Дар интернет хондам ҳангоми ВНМО донача тавҳол дар лаб мебарояд, ҳамин рост ҳаст? Дар айни замон дар баданам ягон чиз нест, 2-3 сол пеш дар вақти коронавирус будан зукоми сахт шудам, дар танам ҳар чиз баромад, ман моҳи январи ҳамон сол ҳамхобаги доштам бо зани фоҳиша, мумкин аст ВНМО бошам? Илтимос ҷавоб диҳед, ташаккур.
Салом. Барои аниқ намудани ВНМО айни замон танҳо як таҳлил супореду халос. Агар бошад он ҳатман дар таҳлил нишон медиҳад, агар набошад ҷавоби таҳлил манфи мешавад. Дигар нишонаҳоро ба инобат нагиред, зеро нишонаҳои номбаршуда ҳамзамон дар дигар бемориҳо низ ба амал меоянд. Аз ин рӯ, хулосабарори танҳо дар асоси таҳлил бояд сурат гирад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо