Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед.Ман чанд сол астки фикр мекунам беморам, чанд маротиба ҳамҳобаги доштам, аммо дуру дароз набуд камтар аз 30сония метавонам бемор бошам.Чанд сол пеш дар баданам доначаҳои сурх баромада буданд, ин ба бемори ягон алоқаманди дорад? Бисёр метарсам бояд оиладор шавам, намедонам чӣ кор кунам, аз байн се сол гузашт бо тарс зиндаги дорам.Илтимос ягон маслиҳат диҳед агар вирус дошта бошам ягон нишонааш дар баданам дида мешавад?Раҳмат барои ҷавоб.

Салом. Чунин шуда наметавонад, ки шахс гирифтори ВНМО муддати солҳо бошаду, дар таҳлилаш нишон надиҳад, яъне таҳлилҳояш манфӣ бошад. Чунин танҳо дар 3 моҳи аввали сироятёбӣ мешавад, зеро дар ин давра антителаҳо дар шумораи кофи нестанд. Баъди ин давра дар ҳама ҳолат таҳлил нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, агар таҳлили Шумо манфӣ бошад, пас бо дилпури гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо ВНМО нест ва фикри Шумо оид ба он, ки Шумо ин вирусро доред беасос аст ва аз ин фикрҳо бояд дури ҷуед. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.