Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асаламу алейкум акаи Умед. Баъд аз алоқаи ҷинсӣ бо зани фоҳиша баъд аз 8 моҳ экспресс тест 2 бор ИФА дар маркази ҷои зисти худамон супоридам, манфӣ баромад. Метавонам пурра дилпур шавам чунки ҳамаи нишонаҳои ВНМО дар ман буд, дарунрави, сыпь, забонам налёти сафед шуд, ва то ҳозир сафедиш гум нашудааст, язва шуд сифилис ҳам супоридам, тоза баромад. Ҳамон зани фоҳишаро бурдам ду бор экспресс тест супорид, манфӣ баромад, ҳамин духтури, ки аз ман хун гирифт гуфт инкубационный период 6 моҳ, лекин гуфт ки вобаста ба организми одам мекунад, эҳтимол ҳаст, ки боз баъди як сол мусбат барояд. Ба ҳамин саволи ман ҷавоб медодед акаи Умед хоҳиш мекунам.

Салом. Бо дилпури гуфтан мумкин аст,  ки дар Шумо ВНМО вуҷуд надорад, зеро ҳамаи таҳлилҳоятон манфӣ ҳастанд. Таҳлили такрори зарурият надорад, метавонед ором бошеду нисбати ВНМО дигар фикррони накунед. Дар оянда худро эҳтиёт намуда аз алокаҳои ҷинсии тасодуфи канорачуи намоед.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.