Оиди ВНМО/БПНМ
Мехроб
22.04.2023
Салом алейкум акаи Умед! Ман 3 моҳу 14 рӯз пеш рафтори хавфнок карда будам, баъди ду рӯзи рафтори хавфнокам дорои нишонаҳо ба мисли зуком ва дарди гулу шудам, ки такрибан 4-5 рӯз давом кард, дигар нишонае надидам, ва баъди 3 моҳу 14 рӯз тест экспресс на вич 1/2 супоридам ҷавоб дар рости ҳарфи (С -) ҷавоб манфӣ, оё боз супорам ё басанда аст, оё нишонаҳои номбурда ба ВНМО тааллук доранд ё не? Доимо дилам дар ҳолати тарс қарор дорад. Пешаки раҳмат ака!
Салом. Нишонаҳои номбурда метавонанд инчунин нишонаҳои сирояти ВНМО бошанд, аммо агар пас аз 3 моҳ таҳлили хун супорида натиҷаи манфӣ гирифта бошед, пас сабаб барои тарсу харос нест, зеро дар Шумо ин вирус вучуд надорад. Нишонаҳои пайдошуда нишонаҳои зуком будаанд, на ВНМО.
Таҳлили супоридаатон басанда аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо