Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умедҷон. Занонаи фоҳиша ҳамаи онҳо гирифтори бемории ВНМО мебошанд? Аз болои ҳамин гуна одамон назорат карда мешавад масалан бурда аз духтур гузарондан?

Салом. 

  1. Гуфтан мумкин нест, ки тамоми намояндагони гурӯҳи номбаршуда гирифтори ВНМО ҳастанд, чунин нест, зеро хавфи гузариши ВНМО то он сатхе нест, ки ҳама гирифтори он шаванд. Албатта намояндагони ин гуна гурӯҳ назар ба дигарон хавфи зиёди сирояти ВНМО ва дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузарандаро доранд. Замима бар ин, гуфтан зарур аст, ки аз давраи сироят шудан ба бемории ВНМО то дар таҳлилҳо муайян шудани он фосилае вуҷуд дорад ва дар даст доштани таҳлили манфӣ аз сироят надоштани ин нафарон дарак намедиҳад. Аз ин лиҳоз, дар вақти алоқаи ҷинсӣ бо онҳо, ҳар яки онҳоро ҳамчун сирятшуда бояд хисобид ва худро хаматарафа муҳофизат намудан зарур аст, зеро аз намуди зоҳирии инсон аз сироятпазирии он дарк кардан ғайриимкон аст.
  2. Назорати саломатии ҳар як инсон дар дасти худи уст. Албатта дар байни ин гурӯҳ ҳастанд нафароне, ки нисбат ба саломатии худ ғамхор ҳастанд ва худро мунтазам муоина мекунанд. Ҳамзамон ҳастанд ташкилотҳои чамъиятие, ки ба онҳо нисбати ин чорабини, яъне ташхисгузарони оид ба бемориҳои сирояти кӯмак мерасонанд. Аммо, гуфтан мумкин нест, ки ин ташкилотҳо ҳама намояндагони ин гурӯҳро медонанду хизмат мерасонанд. Зеро на ҳама намояндагони чунин гурӯҳҳо меҳоҳанд худро ошкор намоянду ба ин ташкилотҳо муроҷиат мекунанд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии сирояти ВНМО ба назоратнамоии чунин шахсон умедвор шудан лозим несту, ҳар як шахс худро худаш бо истифода аз чораҳои зарури бояд муҳофизат кунад ва аз ҳама бехтараш аз алоқаи ҷинсӣ бо намояндагони ин гурӯҳҳо худдори намояд. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.