Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асаламу алейкум. Хоҳишмандам ба ҳамин савол ҷавоб медодед мутахассисони мӯҳтарам. Ҳамин шахси ВНМО дошта бошад ягон бор таҳлил насупорида бошад, ва дарк ҳам накарда бошад, ки дар вуҷудаш ҳамин вирус ҳаст ВНМО ба БПНМ гузарад мабодо тест супорад мусбат нишон медиҳад экспресс тест ё ИФА фарқе надорад?

Салом. Албатта нишон медиҳад. Натиҷаи тести очили ё ТИФ (ИФА) дар шахси сироятшудаи ВНМО доимо (то охири умраш) мусби нишон медиҳад, новобаста аз мархилаи бемори. Хатто дар вақти табобати зиддиретровируси гирифтан низ натича мусби мемонад. Ҳамзамон, мешаванд холатҳое, ки тестҳо манфӣ нишон медиҳанд (ложно-отрицательный), алалхусус дар вақти табобат гирифтан ва дар мархилаҳои вазнини бемори ки масуният бениҳоят паст мегардад, аммо ин холатҳо бенихоят кам ба назар мерасанд.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.