Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед. Як савол дорам. Шумо гуфтед, ки агар вирус дар оби ҷамъшуда афтад ҳал мегардад, афтидан пас дар чӣ қадар вақт ҳал мегардад? Дар об худаш ҳал мегардад ё бо ягон чӣ ҳал карда даркор буд чун об истода буд? Ва ягон ҳолат низ чунин ба қайд гирифта шудааст?

Салом.

  1. Ҳалшави маънои омехта шуданро дорад, яъне ду моеъ якҷо шаванд онҳо омехта мегарданд ва барои он вақт ҳам лозим нест, ҳамзамон ин рух медихад, дар акси ҳол хун дар даруни об ба чашм аён мегардад.
  2. Ҷавоб дар саволи якум буд. Агар хун дар об аён набуд, пас он аллакай омехта шудааст.
  3. Модоме мегуем хавф нест, пас чи ҳел мо метавонем чунин ҳолатҳоро ба қайд гирем? Албатта не, нагирифтаем.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.