Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед. Агар як қатра хуни шахси дорои ВНМО буда ба дохили зарфи 3 литр чакад ва нофаҳмида он обро пас аз афтидани хун 5 дақиқа гузашта бошад ва он обро нуши ВНМО мегузарад?

Салом. Дар чунин ҳолат хавф вуҷуд надорад, зеро вируси дар қатраи хун будаги дар 3 литр об омехта мешавад ва қобилияти сироят кардан гум мешавад, чунки барои сироят ёфтан вояи вирус нокифоя мегардад ва сироят ба амал намоеяд. Аз дигар тараф, меъдаю руда худ монеаи муҳофизати мебошанд ва он вояи начандон зиёди вирус аз ин монеа гузашта наметавонанд. 

Агар ин ҳолат реали бошад, пас ба шахси сироятшуда таъкид намудан лозим, ки чунин ҳолатҳоро нагузорад ба амал оянд, яъне агар хунаш дар куҷое нарасад онро бояд безарар гардонид. Охир хунаш дар ин 3 литр об расида бошад, пас ба чуйбор рехтани ин об мушкил буд магар? То ин ки нафари дигар ин обро нанушаду чунин ҳолатҳои ба саломатии равони таъсирбахш ба амал наяод. Чунин бемасъулияти аз тарафи шахси сироятшудаи ВНМО ғайри кобили қабул мебошад. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.