Салом. Зохиран шахси гирифтори ВНМО аз дигар шахсон ҳеҷ фарқияте надорад ва аз рӯи намуди зохири кас пай бурда наметавонад ки ВНМО дорад ва ки надорад. ВНМО танҳо дар асоси ташхиси хун муайян карда мешавад. Хатто, дар марҳилаҳои вазнини ин бемори, ки шахси сироятшуда метавонад дар беморхонаҳо бистари шавад ва бемориҳои зиёде дар у авҷ гиранд, аммо дар ин маҳал ҳам бе тахлили хун ташхиси ВНМО гузоштан ғайриимкон аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов