Оиди ВНМО/БПНМ
Фирдавс
08.04.2023
Салом акаи Умед. Ман Як савол доштам як рӯз бо як рафиқам нишаста будам ва рафиқам бо як зани фоҳиша алоқаи ҷинсӣ кард. Баъд аз алоқаи ҷинсӣ дасташро дар ванна шуст ва оби ванна нарафта буд, ва ман онҷойро тоза кардам ва аз обе ки вай дасташро шуста буд дасти ман расид дар дастам заҳм буд вале хунолуд не агар дастони вай ба оби маҳбали зан расида бошанд ВНМО ба ман мегузарад? Лутфан ҷавоб диҳед чун дар ташвишам.
Салом. Не, чунин ҳолат ба сирояти ВНМО оварда расонида наметавонад. Зеро, ВНМО тарики об намегузарад, чунки агар вирус бошад ҳам он дар об ҳал мешавад ва имконияти сироят намуданашро гум мекунад. Аз ин рӯ бояд ором шуд, то ин ки чунин фикрҳои бофтаи нодуруст натавонанд ба дигар оризаҳои руҳи оварда расонанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо