Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи умед. Ҳамин дарди мардонаги тез тез пешоб куни маро бисёр нороҳат мекунад, рафтам ду бор ташхис кардам, гуфтан намак дори, хунук задаги, воспаление дори, табобат гирифтам соз нашуд, ва боз ҳамин рудаҳоям бе ист садо мебарорад қур қураст мекунад, ва қариб ҳар рӯз ман шикам дард мешавам. Ин садои рудаҳо бе ист қариб як моҳ зиёд мешавад. Инхел амал ҳаст рудаҳоям дам намекунад садо мерорад. Аз чӣ сабаб мебошад? Камеҳам бошад фахмонед. Раҳмат

Салом. Нисбат ба нишонаҳо аз тарафи узвҳои пешоббарор бояд тахти назорати духтур-уролог қарор бошед, зеро сабаби ин зиёд аст ва бояд аниқ намудан лозим аст, ки сабаби он роҳҳои пешоббарор ё худи гурдаҳо ҳастанд.

Нисбат ба дамиши рудаҳо низ чунин бояд бошад, тахти назорати духтур гастроэнтеролог ё терапевт. Сабаби ин низ омилҳои зиёд шуда метавонанд, ки онҳоро танҳо мутахассис баъд аз гузаронидани муоинаҳо аниқ менамояд.

Аз ин лиҳоз, мушкилиҳои Шуморо дар чорчубаи сомонаи мо осон намудан ғайриимкон аст, зеро бояд муоинаи рӯ ба рӯ бо мутахассис дошта бошед. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.