Салом. Албатта, дар чунин муассисаҳо ҳавфи сироят шудан вуҷуд дорад, зеро дар он ҷойҳо низ бо асбобҳои халандаю буранда кор анҷом дода мешавад. Ҳамзамон гуфтан зарур аст, ки ҳавф начандон зиёд ҳам бошад, риоя намудани чорабиниҳои пешгирикунанда зарур мебошанд, аз ҷумла гарчанде асбоб (станок) бисёркарата бошад, аммо лезваи он иваз карда шавад, пас гуфтан мумкин аст, ки ҳавф вуҷуд надорад. Агар қисми бурандаи он низ бисёркарата бошад, пас ҳавфи сироятшавӣ ба маротиб зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахс дар чунин ҷойхо бояд талаб намояд, ки ба у асбобҳои тоза ва ба ҳадди имкон яккарата истифода карда шавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов