Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умед. Ҳамин киста дар дигар узви одам зарар расонидан метавонад, масалан дар ман киста дар харди нарданаки почам ҳамин дар мардонагӣ сузок дигар узвҳо метавонад, ки зарар диҳад сироятӣ ҳаст. Ҳамин илтимос каме ҳам бошад маро фаҳмонед, дар мардонагӣ ман қариб як моҳ мешавад, ки дарди сузок, тез-тез пешоб мегирад. Чанд маротиба ташхис кардам, табобат кардам. Гуфтанд, ки аз рӯи хунукӣ шудааст. Аммо, соз нашудааст, ман чӣ бояд кард. Раҳмат барои ҷавоб.

Салом. Киста дар мавзеи пой ба узвҳои пешоббарор зарар намерасонад. Аз рӯи нишонаҳои гуфтагиатон, ба Шумо лозим аст дар назди духтур-уролог пурра муоинаи дуруст гузашта, ташхиси дурусти худро фаҳмед, баъдан табобати дуруст гиред. Табобати худсарона, ё бе аниқ намудани ташхиси дуруст метавонад дар оянда бемориро ба намуди музмин гузаронад ва он гоҳ табобат мушкилтар мегардад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.