Оиди ВНМО/БПНМ
Зикрулло
05.03.2023
Салом акаи Умед. Ман 3 моҳ пеш алоқаи ҷинсӣ кардам ва баъди гузашти 97 рӯз аз ташхиси ВНМО тариқи тести оҷилӣ гузаштам ва тоза баромад ва боз дар фикр шудам, ки духтур мабодо сӯзандоруи кӯҳнаро истифода накарда бошад оё ҳамин тавр шуданашам мумкин? Ва дар ин муддати 3 моҳ як бор бо як зане дар клуби шабона ҳамдигарро лаб ба лаб бусидем ва намедонам ки лабони у ягон намуди захм доштанд ё не чун онҷо камтар торик буд.Бисёр дар ташвишам.
Салом.
1. Не, чунин ҳолат ғайриимкон аст дар Марказҳои ВНМО, зеро дар он ҷо сузан ва сузандоруҳои яккарата истифода менамоянд.
2. Не, ба воситаи буса кардан ВНМО намегузарад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо