Салом. Ба ин суол ҷавоби аниқ додан мушкил аст, зеро хатари сироятшавӣ ва миқдори хуне, ки боиси сироятшавӣ мегардад вобаста ба сарбории вирусии шахси сироятшуда мебошад. Яъне чӣ қадар миқдори вирус дар хун зиёд бошад, ҳамон кадар ҳавфи сироятшавӣ низ зиёд мегардад. Ҳамзамон, ҳавфи сироятшавӣ вобаста ба мавзеи даромади вирус дар бадани шахси солим мебошад (захм, луобпарда, пусти солим ва дигар). Ин сабабҳоро дар умум, яъне вобаста ба якдигар ба инобат гирифтан лозим аст, яъне дар аксар ҳолат ин факторҳо якҷоя бояд таъсир расонанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов