Оиди ВНМО/БПНМ
Азиз
14.02.2023
Салом акаи Умед. Экспресс тест аниқ натиҷа нишон медиҳад? Ва бо ин гуна таҳлил баъди чанд рӯзи алоқаи ҷинсӣ супоридан даркор, ва ин гуна чизро аз куҷо дастрас кардан мумкин?
Салом. Тести оҷилӣ (экспресс-тест) албатта дуруст нишон медиҳад. Аммо, аниқ будани ҷавоби тестро баъди 90 рузи тамос бояд баҳо дод. Яъне, агар 3 моҳ гузашта бошад, пас ҷавоби тестро метавонед дуруст шуморед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо