Салом. ПЦР РНК — ин шумораи вирусро дар 1 мл хун муайян мекунад, яъне сарбории вирусиро ва ин намуд таҳлил таҳлили миқдори ба шумор меравад.
ПЦР ДНК — ин таҳлили сифати мебошад, яъне танҳо нишон медиҳад, ки вирус ҳаст ё не.
Гуфтан зарур аст, ки ин ду таҳлилро барои муайян намудани сироятшавии ВНМО истифода намебаранд ва супоридани тести оҷилӣ ё ин, ки ТИФ (ИФА) басанда аст, зеро ин намуд таҳлилҳо аз ҳама ҷиҳат дастрастар мебошанд. Инчунин, бояд гуфт, ки тибки алгоритмхои кабулшуда барои тасдики ташхиси ВНМО танхо ин гуна тестҳо истифода мешаванд (тести оҷилӣ ва ТИФ), на ин ки ПЦР.
Агар таҳлили Шумо ПЦР РНК ин гуна ҷавоб (не обнаружено) дода бошад, пас мумкин аст гуфтан, ки дар Шумо ВНМО нест, зеро дар ин муддат ПЦР РНК бояд нишон медод, агар сироятёфта мешудед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов