Салом. Баъд аз мусбӣ баромадани ҷавоби таҳлил ва барои тасдиқ намудани он албатта хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳатмӣ мебошад, яъне аноними ба қайд гирифтан ғайриимкон аст. Аммо бояд гуфт, ки тамоми маълумоте, ки ба маркази ВНМО пешниҳод гардонида мешавад махфӣ мебошанд ва ба хеҷ тараф пешниҳод намегардад. Метавонед аз ин тарафи масъала дилпур бошед.
Баъд аз тасдиқ намудани ташхиси ВНМО ба шахси сиротшуда ба таври ройгон табобат пешниҳод мегардад ва макони гузаронидани табобат вобаста ба ҷои зист мебошад. Агар шахс дар ш. Душанбе зиндагонӣ намояд, пас табобат низ дар шаҳр гузаронида мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов