Оиди ВНМО/БПНМ
Илхом
08.02.2023
Салом.
Пас аз алоқаи ҷинсӣ 3 моҳ гузашт лек дарди гулӯ ва зуком пайдо шуд, дору истеъмол кардам ва зуком аз байн рафт лек дар гулӯ ҳоло дард ҳаст яъне ( Масалан дар ойна мебинам дар торикии гулӯям дар як тараф монанди нохун лек рангаш зард як чиз пайдо шуда аст, дар вақти об нушидан ҳам дард мекунад) Ин аз сабаби чӣ шуда метавонад?
Салом. Ин нишонаҳо ба ВНМО алоқамандӣ надоранд ва оқибатҳои зукоми гузарондагӣ мебошанд. Оиди ВНМО таҳлил супоред ва ҷавоби аниқ мегиред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо