Салом. Дар рӯзҳои аввали сироятшавии ВНМО дар баъзе сироятёфтагон нишонаҳои ба монанди зуком, мононуклеоз, ки муддати то 3-4 ҳафта метавонад давом ёбад, пайдо шаванд. Аммо онҳо дар ҳама пайдо намешаванд, ва пай бурдан аз сироятёбии ВНМО мушкил мебошад.
Дар аксар ҳолат ВНМО солҳои тулонӣ ягон нишона зоҳир намекунад ва танҳо дар марҳилаи БПНМ (СПИД) дар бемор нишонаҳои ягон беморӣ пайдо мегардад. Аз ин лиҳоз, ягона роҳи муайянкунии ВНМО дар дилҳоҳ вақт, ин супоридани таҳлили хун мебошад. Ҳатто дар марҳилаи БПНМ бе супоридани таҳлили хун аниқ гузоштани ташхиси ВНМО ғайриимкон мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов