Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Дар Тоҷикистон умуман дар ягон марказ ё минтақа ИФА 4 вуҷуд дорад ё не? Ман дар ҳамин масъалаҳо бисёр мебинам, кофту шур мекунам, тамоми минтақаи осиёи миёна сомонаҳои ВНМО-ро мехонам Киргизистон, Қазоқистон, Узбекистон мебинам ягонтааш ИФА 3 истифода намебаранд хато дар як онлайн форум ҳаст духтурои России савол медиҳанд, мегӯянд айни замон ИФА 3 истифода намебаранд.

Салом. Мақсад аз ин қадар оиди тестҳои 3 ва 4-ум насл кофту шур намудани Шумо дар чи бошад? Нисбат ба муайянсозии ВНМО онҳо фарқият надоранд. Фарқи онҳо танҳо дар як чиз аст — тести насли 4 назар ба насли 3-юм метавонад ВНМО-ро дар ҳафтаҳои аввали сироятшавӣ муайян намояд, дигар фарқият байни онҳо вуҷуд надорад. Яъне, баъди 3-4 ҳафтаи сироятшавӣ фарқи байни ин ду насли тестҳо дигар боқи намемонад ва барои шахс бояд ахамият надошта бошад, ки барои ташхиси вай кадом тест истифода шудаанд. Асос бояд фаҳмид, ки тамоми тестҳои ҳозиразамони истифодашаванда наслҳои 3 ва 4-уманд, зеро ҳассоснокии онҳо барои муайяннамоии антителаҳои ВНМО як мебошанд. Насли 2 тестҳо айни замон истифода намешаванд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.