Салом. Нисбат ба оиладоршавӣ шахсони гирифтори ВНМО марказҳои ВНМО масъул нестанд, ва дар ин раванд ухдадориҳо надоранд. Ҳамзамон барномае дар ин самт вуҷуд надорад. Ин масъала танҳо аз ҷониби худи шахсони сироятёфта ҳал мегардад ва мутахассисони марказхои ВНМО танҳо дар машваратдиҳии хусусиятҳои зиндагии оилавӣ бо шахсони гирифтори ВНМО мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, гуфтан мумкин нест, ки бошахсони гирифтори ВНМО шахсони солим оиладор намешаванд. Ин масъала низ инфиродӣ ҳал мегардад ва хастанд оилахое, ки нав барпо мегарданд ва яке аз онҳо гирифтори ВНМО ҳасту дигарашон не ва онҳо аз ин холат пурра хабардор хастанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов