Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Анализи аноними барои ВНМО дар куҷо супорида мешавад? Агар, ҷавоб мусбӣ бошад дар куҷо чихел ба қайд мегиранд? Дар ҳолати, ки дар ноҳия зист мекунем.

Салом. Сухан дар бораи кадом бемори меравад маълум накардед.

Агар ВНМО-ро дар назар дошта бошед, пас баъд аз мусбӣ баромадани ҷавоби таҳлил, шахсро аноними ба қайд намегиранд, ва бояд хуҷҷатҳои тасдиқ кунандаи шахсиятро пешниҳод намуд. Агар шахс дар дигар ноҳияи зиндагӣ намояд, албатта метавонад рафта аз ҷои зисти худ табобатро қабул намояд. Агар ҷои зисти доимӣ Душанбе бошад, пас новобаста аз ҷои қайд дар шиноснома, табобатро метавон дар шаҳр гирифт

Бояд қайд кард, ки ҳамаи маълумотҳои ба даст омада махфӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ба ягон тараф бе иҷозати шахс пешниҳод гардонида намешаванд. Яъне, шахс аз фош шудани сирри бемориаш бояд нигарон набошад, зеро ин маълумот танҳо дар марказҳои ВНМО нигоҳ дошта мешавад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.