Оиди ВНМО/БПНМ
Зарафшон
19.01.2023
Салом. Дар Москва қарор дорам. Аз дорухона ТЕСТ ЭКСПРЕСС гирифта ба хона бурдам, ва кушодам, худамро ташхис кардам дар дохили тест. Тест буд ва як монанди об дар даруни пласмаса об буд ва он обак дар вақти кушодан ба рӯям каме ҷош хурд. Ин ҳолат ягон ҷойи тарс надорад?
Салом. Он обаке мегуед, буфер ном дорад ва он нисбат ба сироятшавӣ ба вирус ягон хавфияте надорад, зеро он дар таркиби худ вирус надорад ва танҳо махлул аст. Аз ин лиҳоз, ҷои тарсухаррос вуҷуд надорад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо