Оиди ВНМО/БПНМ
Дониёр
18.01.2023
Салом.
1. Алоқаи ҷинсӣ доштам бо рифола буд аммо пурра намедонам рифола ва санаи 03.11.2022 алоқаи ҷинсӣ намудам пас аз алоқа 7-8 руз гузашта зуком дарди гулӯ шудам.
Ҳоло имрӯз 76 рӯз гузашт метавонам тест экспресс супорам ва ҷавобро пурра гирам.
Аломатҳои гуфтам ба ВНМО хос аст?
2. Дар Москва аз дорухона тест экспресс вич, гирифта худам дар хона мустақилона гузарам мешавад аз ташхис?
3. 90 рӯз басанда аст барои ВНМО - ро бо тариқи Тест экспресс дар организми инсон мушоҳида кардан (Ҳаст ё Нест)
Ташаккури зиёд.
Салом.
1. Нишонаҳои номбаршуда пурра ба ВНМО хос нестанд, аслан нишонаҳои аввалини ВНМО ба зуком монанд бошанд ҳам, онҳо давомноктар мебошанд (2-4 ҳафта). Агар 76 рӯз гузашта бошад, боз 10 рӯзи дигар интизор шаведу дар 90 рӯзаги супоред ва онро метавонед ташхиси интиҳои шуморед.
2. Мешавад, агар пурра дастурамали он тестро риоя намоед.
3. 90 рӯз басанда аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо