Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Баъд аз алоқаи ҷинсӣ бо рифола, як моҳ гузашта аз хоб бедор шудам ва дар дастонам ва китфонам мисли курпаша газидаги доначаҳо баромад. Оҳиста дар кафаси синаам, дар пушт доначаҳои зиёд баромад. Баъд 2 моҳ диарея шудам, ва дар забонам сафедӣ пайдо шудааст. 3 рӯз бехобӣ доштам. 1 моҳ пас экспресс тест дар ноҳияи худам, 1,5 моҳ пас дар диамед, ифа 3 ва дар маркази шумо ҳам экспресс тест супоридам. Баъди 3 моҳ боз дар маркази шумо ифа экспресс тест супоридам. Ҳама натиҷаи экспресс тест манфӣ баромаданд. Ҳоло баъд аз алоқаи ҷинсӣ 5 моҳ гузашт сафеди дар забон ва доначаҳо то охир нагузаштанд. Айни замон ман дар Россия ҳастам, дар лаборатория “Инвитро” тест ифа 4 баъди 5 моҳ супоридам. Натиҷа манфӣ баромад. Ман метавонам ором бошам ё не?

Салом. Метавонед дилпур бошед, ки дар Шумо ВНМО нест. Нишонаҳои номбаршуда ба ВНМО таалук надоранд. Дигар тахлили ВНМО супоридан шарт нест, ором бошед. Дамидаҳо (сып) фикр мекунам аз ҳастагии асабатон мебошад,ором шавед, бояд гузарад.

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.