Оиди ВНМО/БПНМ
Бехзод
22.12.2022
Салом. Баъд аз пешоб кардан сузиш мекунад. Дар мардинагӣ сафедшавии пуст ва сурхӣ пайдо мешавад. Баданам ва сар дард мекунад ранги зуком. Назди уролог рафта ягон маълумоти гирифта нафаҳмидам. Кадом намуди ташхис бояд гузарам. Дар шаҳри Хуҷанд ба кадом муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан даркор аст?
Салом. Чунин нишонаҳо ба бемориҳои уролоҷи мансуб ҳастанд. Аз ин лиҳоз, бояд паи дарёфти мутахассисони урологӣ шавед. Ба беморхонаи марказии ш.Хуҷанд муроҷиат намоед, ба Шумо ҳатман ёри мерасонанд, зеро дар он ҷо духтурони соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо