Салом.
Агар ҷавоби тахлил айни замон манфӣ бошад, пас пурра аниқ намудани ВНМО баъди 3 моҳи пас аз тамос гузаронида мешавад. Агар баъди се моҳ ҷавоби тахлил манфӣ бошад, пас ин маънои онро дорад, ки вирус дар бадан вуҷуд надорад.
Агар бошад дар вақти ҳамхобаги бо нафари, ки ВНМО нест ба ӯ мегузарад?—Албатта мегузарад, зеро роҳи гузариши асосии ВНМО интарики алоқаи ҷинси мебошад. Аммо ин роҳи гузариш 100% нест, яъне на ҳама алоқаи ҷинси ба сироятшавӣ оварда мерасонад, гарчанде яке аз шарикон гирифтори ВНМО ҳаст. Аз ин лихоз, мавқеи хар як шахс пас аз тахлили хӯни у аниқ карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов