Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асаллом алейкум. 1. Санаи 21 ноябр алоқаи ҷинсӣ доштам бо рифола ва санаи 25 ноябр (баъди 5 рӯзи алоқаи ҷинсӣ) гулӯям дард кард, дарди гулӯ бисёр мехорад. Ин аз сабаби чи бошад? 2. Аломатҳои ВНМО баъди чанд рӯзи алоқаи ҷинсӣ худро нишон медиҳанд? Ташаккури зиёд барои ҷавобхо.

Салом.

  1. Нишонаҳои номбаршуда ба ВНМО хос нестанд. Барои аниқ намудани сирояти ВНМО баъд аз 3 моҳи тамос ташхис бояд супорид.
  2. Аломатҳои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рузи сироятшави ба вуҷуд биёянд. Нишонаҳои аввалин метавонанд ба монанди зуком, аз баландшавии харорати бадан, калон шудани гиреҳҳои лимфатики, дамидаҳо ба монанди мононуклеози сирояти ва ғайра пайдо шаванд. Ин нишонаҳо бе табобат метавонанд худсарона гузаранд, аз ин лиҳоз дар ин давра пай бурдани сирояти ВНМО эҳтимолияти кам дорад. Инчунин, тахлилхо низ дар ин мухлат метавонанд манфи нишон диханд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.