Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асаллом алейкум. Алоқаи ҷинсӣ бо рифола буд, пас аз 3 моҳ хун (тест экспресс) дар Москва супорем оё пурра ҷавоби дуруст мебарорад? Пас аз алоқаи ҷинсӣ намудан мумкин аст, ки вирус дар 1 ё 2 сол худро дар хуни инсон нишон надиҳад (3 моҳ кифоя аст барои вирусҳо, ки дар организм ҷойгир шуданашон)? Истифодаи дурусти (рифола) аз ВНМО - СПИД пурра ҳимоя мекунад? Дар дорухонахо намудҳои (рифола) хело зиёд аст, бояд бо кадом намуди онҳо алоқаи ҷинсӣ намои пурра ҳимоя намояд? Дар таҷрубатон шоҳид намудаед ки ҳамин вирусхои ВНМО дар организми инсон худро нишон надода аммо ВНМО дорад аммо дар Тест Экспресс ҷавоб манфӣ нишон додааст? Дар Москва қарор дорем бо кадом нави (тест экспресс ё ин ки бо кадом роҳҳо анализ супорида ҷавоби пураи ВНМО - ро дастрас намоем? Алоқаи ҷинсӣ бо рифола бошад аз ҳамаи вирусҳои бо тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаронда ҳимоя менамояд (рифола) ё ин ки танҳо аз ВНМО ҳимоя мекунад халос? Пас аз алоқаи ҷинсӣ 12 – 13 рӯз гузашт, алоқаи ҷинсӣ бо рифола буд ҳоло баданам бисёр хориш дорад ин аз сабаби ВНМО аст? Ташаккури зиёд ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди акаи Умед мутахассисони бисёр таҷрибадор ва меҳрубон кор ва фаъолият мекунанд, мо сипосгузорем аз Шумо духтурони меҳрубон. Мехоҳам ба саволҳоям пурра ва зуд ҷавобашонро бигирам.

Салом.

  1. Пас аз 3 моҳи тамос, тахлил оид ба ВНМО чавоби аниқ медихад.
  2. Не, эҳтимоли то 1 ё 2 сол нишон надодани ВНМО вуҷуд надорад.
  3. Бале, истифодаи дурусти рифола аз ВНМО пурра ҳимоя мекунад.
  4. Айни замон ҳама рифолаҳо аз латекс мебошанд, аз ин рӯ агар онҳоро дуруст истифода намои ва агар мухлати истифодаи онҳо нагузашта бошад, пас он бояд аз бемориҳо пурра химоя намояд.
  5. Ин гуна ходиса дар се моҳи аввал мушохида мешавад.
  6. Дар озмоишгоҳи боваринок супоред, тахлил бояд дуруст нишон дихад. Тести оҷили ё ТИФ (ИФА) фарқият надорад.
  7. Рифола аз ҳама намуд бемориҳои тарики алоқаи ҷинси гузаранда муҳофизат менамояд.
  8. Алоқаи ҷинси бо рифола бошад, пас айни замон ҳоҷат ба ташвивш нест ва нишонаҳо ба ягон сироят алоқаманди надоранд, мумкин аст аллергия бошад.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.