Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Асаллом алейкум. 1. 9 рӯз пеш бо духтар алоқаи ҷинсӣ доштам бо рифола ва рифола надарида буд. Пас аз 5 - 6 рӯз дарди гулӯ шудам ва баъд аз он, ҳоло дар гулӯям чизе ҳаст, ранги гӯшт монанд истодааст ва месӯзад. Ин аз сабаби чи бошад? 2. Ҳоло мо дар Москва мебошем ҳастанд ҷойҳои ташхиссупори махфи? 3. Илтимос пара дар саволи 3 умам ҷавоб гирифтан мехоҳам. Барои патент гирифтан ба (ФМС - Миграционный Центр аз мо пешоб, аз дастамон хун мегиранд онҳо дар ҳақиқат он ташхисро аз санҷиш мегузаронанд ё танҳо гирифта печат зада медиҳад санҷиш накарда? Дар маркази мигратсиони Москва анализҳоро пурра аз Лабораторияи ВНМО мегузаронанд? Ташаккури зиёд духтур. Ба он касе ки алоқаи ҷинсӣ кардан меҳоҳанд: накунед, бо рифола ҳам накунед. Илтимос мекунам, алоқаи ҷинсӣ бо бегонагон накунед, бо рифола бошад ҳам даркор нест, накунед. Илтимос ҷавонон. Ташаккури зиёд ба ҳама!

Ин нишонаҳо ба ВНМО алоқаманди надоранд.

Дар дилхох озмоишгоҳе, ки оид ба ВНМО тахлил мегузаронад, метавонед тарики маҳфиги аз ташхис гузаред, зеро махфиги яке аз қоидахои асосии байналмиллали оид ба ВНМО мебошад, ки он бояд ҳатми дар ҳама ҷо риоя карда шавад. Дар маркази ВНМО метавонед бо дилпури маҳфи супоред.

Дар озмоишгохи ФМС хатман аз ташхис ҳамаро мегузаронанд, зеро тибки қонунгузории Федератсияи Руссия агар шахс гирифтори ВНМО бошад, пас ба у патент дода намешавад, ҳамчунин ӯро аз давлат депортатсия менамоянд. Аз ин ру ташхисгузарони хатмист ва ягон корҳои ғайр дар ин раванд роҳ дода намешавад.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.