Салом.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо оид ба ВНМО, аз ҷумла, табобати зиддиретровирусӣ пурра дастрас ва ройгон мебошад. Айни замон ба ҳар шахси гирифтори ВНМО новобаста аз ҳолати сарирӣ ва нишонаҳои лабораториаш, табобати зиддиретровирусӣ пешниҳод мегардад ва дар ҳолати розӣ буданаш ин табобат гузаронида мешавад. Норасоӣ ва мушкилӣ дар самти дастрасии дорувориҳо ва таҳлилҳои зарурӣ вуҷуд надоранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов