Салом.
Бо чунин шахсон оила барпо намудан мумкин аст, монеагӣ дар ин самт вуҷуд надорад, аммо бояд дар назар дошт, ки агар сарбории вирусии гепатити С баланд бошад, пас хавфи сирояти шарики ҷинсӣ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, шахси сироятшуда бояд табобате, ки имрӯз дастрас аст ва самаранок мебошад, қабул кунад ва пас аз он бо шарики худ алоқа намояд.
Табобати гепатити С дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологӣ гузаронида мешавад. Шумо метавонед ба он ҷо муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов