Оиди ВНМО/БПНМ
Аличон
03.07.2022
Салом алейкум. Аввалан барои ин савол бахшиши зиёд мепурсам. Ман ду сол пеш бо як зани гирифтори ВНМО ҳамхоба шуда будам. Баъд аз он се маротиба анализ супоридам ва тест тоза баромад. Лекин аз як сол зиёд мешавад, ки дар гирди мардинагии ман доначаҳои сурхи озахмонанд зиёд мешаванду кам не. Хоҳишмандам ҷавоби муфассал диҳед.
Салом,
Нисбат ба ВНМО гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо ин вирус нест, зеро таҳлилҳоятон тоза баромаданд.
Оид ба нишонаҳои номбаркардаатон, онҳо ба ВНМО алоқамандӣ надоранд. Бояд ба духтури пӯст муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов (духтури сироятшинос)
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо